00:31 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
708 0 0

Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфт, ки омода аст бо Тони Фергюсон мубориза барад, агар тавонад аз Русия ба Амрико парвоз кунад

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори доғистонӣ баръакси эълони ду рӯз қаблаш, ки мубориза лағв шуд, гуфт, ки ӯ омода аст бо Тони Фергюсони амрикоӣ вориди набард шавад.

Аммо ин кор замоне мешавад, ки агар ӯ аз Русия парвоз карда тавонад.

"Дар ҷаҳон бесарусомонист. Ман дар Иёлоти Муттаҳида дар тӯли 40 рӯз тамрин кардам. Баъд маълум шуд, ки мубориза дар Абу-Дабӣ мегузарад ва ман ба он ҷой рафтам. Сарҳадҳо дар ҳама ҷо баста шуданд. Баъд ман ба Доғистон парвоз кардам ва дар онҷо машқро идома додам" -гуфт Ҳабиб дар сафҳаи Instagram-и худ.

Ҳамзамон, вай қайд кард, ки мушкилоти мубориза дар он аст, ки "ҳама кишварҳо марзҳоро бастаанд ва ба ҳеҷ куҷо имкони рафтан нест".

Вай инчунин таъкид кард, ки ҳамарӯза барои рақобати навбатияш тамрин мекунад, зеро дар пеш муҳорибаи оддӣ нест.

Ӯ ҳамчунин баргузории чорабиниро ғайрикасбӣ ълон карда гуфтааст, то ҳол дар бораи макони баргузории чорабинӣ намедонад.

"Агар онҳо ҳоло ба ман макони баргузории рақобатро гӯянд ва ман имкони аз Русия ба он ҷой парвоз кардан бошад, ҳарҷое набошад меравам ва сад фоиз ҷанг мекунам", - афзуд ӯ.

Қаблан Ҳабиб Нурмуҳаммедов эълон кард, ки муҳориба бо варзишкори амрикоӣ Тонӣ Фергюсон баргузор намешавад.

Вай таъкид мекунад, дар ҳоле ки тамоми ҷаҳон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус кӯшиш мекунад, ӯ наметавонад истисно бошад.

"Ҳабиб бошад, аз тамоми ӯҳдадориҳо озод аст ва намоишкорона тамрин мекунаду аз кишваре ба кишвари дигар парвоз анҷом медиҳад? Барои муҳориба ҷонамро дар хатар монам?", - менависад вай дар саҳифааш дар Инстагарм.

Тони Фергюсон дар ҷавоб гуфтТонӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов аз аввал нияти иштирок дар ин сабқатро надошт. Дар акси ҳол хеле осон метавонист аз Абу-Дабӣ ба ИМА баргардад.

“Ин дуюм бор аст. Ман кушандаи кирояам. Ҳабиб ва Конор дум хода карда, чун сагҳои шайтонӣ аз ман мегурезанд. Онҳо саг ҳам не, пишаки ноуҳдабароянд. Ҳабиб – ҷалаб аст. Ваъдааш додам, ки бо сарпӯш – папахааш фаршро хоҳам шуст, аммо ӯ гурехт”, - изҳор дошт Фергюсон дар наворе, ки дар саҳифаи Твиттер ҷой додаст.

Барчаспҳо:
муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC

Мавзӯъҳои асосӣ