13:52 27 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
1576 0 0

UFC то ҳол макони баргузории Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Тонӣ Фергюсонро, ки бояд 18 апрел баргузор шавад, эълом накардааст

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Рақобати қаҳрамони муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва варзишкори амрикоӣ Тонӣ Фергюсонро дар шаҳри Минск баргузор карданиянд.

Бо чунин иқдом мудири Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Белорус Максим Королков дар суҳбат бо Sport24 баромад кардааст.

Рақобати Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Тонӣ Фергюсон бояд 18 апрел дар доираи UFC 249 дар Бруклин баргузор мешуд. Вале, дар паи хуруҷуи коронавирус дар шаҳри Ню-Йорк баргузории ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ манъ карда шуданд.

Дар баробари ин дар Белорус чунин тадобир роҳандозӣ нашудааст.

"Мо тавассути дӯстонамон, ки бо UFC алоқаи мустақим доранд, дар суҳбат шудем. Ба онҳо фаҳмонидем, ки дар Белорус тадобир пурзӯр нашудааст ва президентамон (Александр Лукашенко - шарҳ аз идора) баргузории чорабиниҳоро манъ накардааст. Албатта аввал мо бо ҳукумати кишвар бо Вазорати варзиш пешниҳод кардему розигӣ гирифтем ва баъдан ба UFC пешниҳод кардем", - гуфт Короленко.

Ба гуфти ӯ дар UFC гуфтаанд, ки Минскро чун варианти иловагӣ ба назар мегиранд. То ҳол раҳбари UFC Дана Уайт нагуфтааст, ки рақобати Ҳабиб ва Тониро дар куҷо баргузор мекунад.

Феълан аз лағви рақобати Тонӣ Фергюсон ва Ҳабиб Нурмуҳаммадов расман эълон нашудааст.

Дар баробари ин дар расонаҳои гуногуни ҷаҳонӣ хабарҳо дар бораи лағви рақобат дар робита бо паҳншавии коронавирус пайдо мешавад.

Барчаспҳо:
рақобат, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Белорус

Мавзӯъҳои асосӣ