14:33 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
102 0 0

Дастаи футболи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон-2020 бар дастаи футболи “Хуҷанд”-и Хуҷанд пирӯз шуд.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Бозии дастаҳои футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд  бо ҳисоби 2:1  анҷом ёфт, ҳамин тавр дастаи “Истиқлол” соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон гардид.

 Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Дар ин бозӣ дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе тавонист тавассути зарбаҳои нишонраси Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов ғалабаро таъмин намояд.

Дар ҳайати дастаи “Хуҷанд”-и  Хуҷанд легионери ӯзбекистонӣ Санҷар Ризхибоев голро ба ҳадаф расонид.

Дар ин бозӣ ҳамлагари дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин бозингар дониста шуд.

Бозии мазкур байни ин дастаҳо  4 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе бе ҳузури мухлисон доир гардида, дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе маротибаи нуҳум Суперҷоми Тоҷикистонро сазовор шуд.

Ёдовар  мешавем, ки дастаи "Истиқлол"-и Душанбе  қаблан солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019  Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст оварда буд.

Барчаспҳо:
бозӣ, Хуҷанд, суперҷом, Тоҷикистон, Душанбе, Футбол, даста

Мавзӯъҳои асосӣ