Рақобати қаҳрамони Тоҷикистон “Истиқлол” ва “Душанбе-83” фардо доир мешавад

© Федерация футбола ТаджикистанаМатч между душанбинским "Истиклолом" и "Худжандом"
Матч между душанбинским Истиклолом и Худжандом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фардо дар Душанбе нахустин  бозии даври якуми  Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ “Душанбе-83” ва қаҳрамонии феълии футболи кишвар “Истиқлол” доир мешавад

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Бино ба иттилои Федератсия футболи Тоҷикистон,  бозии даври якуми  Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои  футболи “Душанбе-83”-и Душанбе  ва “Истиқлол”-и Душанбе 8 апрел соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор мешавад.

Душанбинский футбольный клуб Истиклол в финале суперкубка  - Sputnik Тоҷикистон
Бозӣ бидуни тамошобин: “Истиқлол” боз соҳиби суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ба иттилои манбаъ, бозии мазкур бидуни иштироки мухлисон сурат мегирад.

Вохӯрии дастаҳои  футболи “Душанбе-83” ва “Истиқлол” мебоист дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат баргузор шавад, вале бо маслиҳати дастаҳо  бозии мазкур дар Душанбе доир мегардад.

Мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ аз 5 апрел оғоз гардида буд, ки дар он дастаҳои “Локомотив-Помир”-и Душанбе  ва “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ,  “Хатлон”-и Бохтар - “Истаравшан”-и Истаравшан  “Кӯктош”-и ноҳияи  Рӯдакӣ  ва “Регар-ТадАЗ”-и  Турсунзода  миёни ҳам рақобат карданд.

Ҳамакнун ду бозии даври аввал дар ин марҳила миёни дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд  ва КМВА, “Душанбе-83”- “Истиқлол” боқӣ монд, ки фардо доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ахиран дастаи футболи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон-2020 бар дастаи футболи “Хуҷанд”-и Хуҷанд пирӯз шуда, маротибаи нуҳум ин ҷоизаро ба даст овард.

 

Лентаи хабарҳо
0