13:31 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
95 0 0

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ба 130 нафар варзишгарон, мураббиён ва собиқадорони варзиш стипендия тақдим кард

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Маросими супоридани стипендияҳо дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, Раҷаббой Аҳмадзода аз дастовардҳои варзишгарони вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулин дастур дод, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тадбирҳои зарурӣ андешида, аз ҷумла дар сатҳи вилоят мусобиқаю чорабиниҳои варзишии оммавӣ гузаронида шаванд.

"Қайд гардид, ки соли 2019 варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои мухталифи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзиданд. Варзишгарони вилоят дар 150 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Инчунин, варзишгарони вилоят дар мусобиқоти байналмилалӣ фаъолона ширкат намуданд", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, Аҳмадзода бобати муҳайё намудани шароит барои варзишгарон дар қаламрави вилоят, вусъати бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, таъкид намуд, ки алҳол дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд ва таъмиру тармими иншооти варзишӣ вусъат мегирад, ки ба рушди соҳаи варзиш ва таъмини солимии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Дар вазъияти тантанавӣ ба 130 нафар варзишгар, мураббӣ ва собиқадорони соҳаи варзиш стипендияи раиси вилоят, “Ифтихорнома”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мукофоти пулӣ тақдим гардид.

Барчаспҳо:
сармураббӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ