16:57 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
176 0 0

Тибқи рейтинги Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук, гурзандоз Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари тоҷик ҳисобида шудааст

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзишӣ IAAF рейтинги нави худро нашр кард, ки дар он беҳтаринҳои варзиши сабуки тоҷикро нишон додааст.

Бо вуҷуди пандемия ва қатъи мусобиқоти варзишӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон, IAAF рейтинги худро нав намуд, ки ба он варзишгарони тоҷик низ шомил шуданд.

Миёни тоҷикон дар ин раддабандӣ оид ба варзиши сабук барандаи медали тиллои олимпӣ Дилшод Назаров бо 1205 хол дар мақоми аввад қарор гирифтааст.

Дар раддабандӣ аз ҳар намуди варзиши сабук дар саросари ҷаҳон 500 варзишгар ҷой дода мешавад.

Алишер Пулотов миёни варзишгарони дигари тоҷик бо 1020 имтиёз ҷои дуюм ва Григорий Дерепаскин сеюм зинаро бо 1012 хол соҳиб шудааст. Одилшоҳ Исматов - 998 имтиёз ва Хусниддин Зарипов - 996 имтиёзро ба даст оварданд.

Мубориза мебарам: Дилшод Назаров аз нақшаҳои минбаъдааш гуфт

Дар ин раддабандӣ миёни занон дар Тоҷикистон ҷойи аввалро Гулсумби Шарифова бо 1155 имтиёз ва зинаи дуввумро, Кристина Пронженко бо1120 имтиёз соҳиб шудааст.

Рейтинги ҷаҳонӣ оид ба варзиши сабук аз рӯи дастовардҳои варзишгарон дар мусобиқоти гуногун таҳия карда мешавад.

Барчаспҳо:
варзиш, Дилшод Назаров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ