00:10 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.51
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
181 0 0

Федератсияи байналмилалии футбол тасмим гирифтааст ба 211 аъзои худ барои дастгирӣ дар ин вазъияти мушкил кумаки молиявӣ расонад

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik.  Тибқи иттилои сомонаи расмии ФИФА, ин ташкилот рӯзҳои наздик ба 211 аъзоёни худ ба миқдори 150 миллион доллари амрикоӣ кумак хоҳад кард.

 Ин кӯмакҳои молӣ барои мавсими 2019 ва 2020 ба ҷомеаи футболии ҷаҳонӣ, ки аз пандемияи Ковид - 19 зарар дидаанд, дар назар гирифта шудааст.

Дар иттилоияи дафтари матбуотии ФИФА омадааст, маблағи мазкур байни 211 федератсияҳои миллӣ тақсим карда мешавад.

Чунин нақшаи кумаки молӣ ба хотири кори пурсамари ФИФА дар чор соли гузашта имконпазир шудааст ва дар марҳилаҳои баъдӣ ин нақша дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Ҷани Инфантино, президенти ФИФА дар шарҳи ин тасмим гуфтааст, ки пандемия мушкилоти фарогиреро барои ҷомеаи футболӣ ба вуҷуд овард. ФИФА ҳамчун ниҳоди роҳбарикунандаи футболи ҷаҳон бояд ба мушкилоти федератсияҳо расидагӣ намояд ва ин нахустин дастгирии барномаи дарозмуддат аст.

Бинобар ин мо аз кӯмаки молиявӣ оғоз кардем, зеро федератсияҳо бо мушкилоти молиявӣ гирифтор шудаанд.

 

Барчаспҳо:
қарор, кумаки молӣ, ФИФА

Мавзӯъҳои асосӣ