19:04 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
31110

Ҳамлагари Барселона ва мунтахаби Аргентина Лионел Месси дар бораи вазъи кунунӣ бо коронавирус сухан гуфт

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бино ба иттилои пойгоҳҳои хабарии варзишӣ, Месси гуфтааст шахсан,  интизори бозгашти мусобиқаҳо ҳаст ва ба таъкиди ӯ мусобиқот бе тамошобинон дар варзишгоҳ ғайриоддӣ хоҳад буд.

Ӯ гуфтааст,  як замоне дар майдонҳои холӣ бозӣ мекард ва ин барояш хело аҷиб менамуд ва ҳоло интизораст, ки идома чигуна хоҳад шуд.

Ба гуфти Месси хатари сирояти коронавирус дар ҳама ҷо ҳаст.

“Вақте, ки шумо аз хона берун меравед, аллакай хатар вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ба шумо лозим нест, ки дар ин бора бисёр фикр кунед, вагарна ба ҳеҷ ҷо рафтан намехоҳед.

Аммо мо мефаҳмем, ки риояи ҳама чораҳои андешидаи имконпазир муҳим аст.

“Бозгашт ба тамрин қадами аввал аст, аммо ба набояд роҳат амал кар, зарур аст мисли қаблӣ тамоми чораҳои заруриро баҳри ҳимоя андешед",-гуфтааст Месси.

Бозигарони тими "Барселона" тамринҳояшонро пас аз муддати тулонии танаффус, бинобар пандемияи коронавирус дубора ҳафтаи гузашта оғоз карданд.

Қаблан клуби каталонӣ эълом карда буд, ки бозигарон ба тамрин аз хона омода меоянд, то ба ҳуҷраи либосивазкунӣ ва дигар қисматҳои пойгоҳ нараванд, пас аз омӯзиш фавран ба хона бармегарданд.

Барчаспҳо:
вирус, бозигар, футболбоз, Лионел Месси

Мавзӯъҳои асосӣ