04:09 26 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
693 0 0

Размикори ирланди Конор Макгрегор истеъфояшро чунин шарҳ додааст, ки бозӣ барои ӯ аҳамияташро гум кардаст. Ӯ интизори тағйироти ҷиддӣ будаст, "аммо дер боз ҳеҷ чиз рух надодааст"

ДУШАНБЕ, 8  июн — Sputnik. Конор Макгрегор маротибаи сеюм аз хотимаи фаъолиятии варзишии худ эълон кард. Қаҳрамони собиқи UFC дар ду вазн, Конор Макгрегор дар мусоҳиба бо ESPN сабаби истеъфояшро шарҳ дод.

Конор иқрор шуд, ки ба роҳбарият нақшаи пешрафтро барои рушди фаъолияти варзишии худ пешниҳод карда буд. Ҳамзамон ӯ дархост намудаст, ки муҳорибаи ӯро бо Ҷастин Гейджи қаҳрамони муваққатӣ дар вазни сабук доир кунанд, вале ҷавоби рад гирифтаст.

Конор Макгрегор аз хотимаи фаъолияти варзишӣ гуфт

"Ин бозӣ бароям беаҳамият шуд. Ман дер боз интизори тағйироти ҷиддӣ будам, аммо ҳеҷ чиз рух надодааст. Ман вариантҳоро барои худам ҷустам, вале рақиби сазоворро намебинам. Ман ба роҳбарият дар бораи нақшаҳои худ гуфтам, диди худро муаррифӣ кардам, аммо онҳо ҳамаро рад карданд", - афзудааст Макгрегор.

Варзишгар қайд кард, ки ӯ "вариантҳои ҷолибро" намебинад аз ин рӯ дар оянда намехоҳад дигар фаъолияти варзишии худро дар ин самт идома диҳад.

"Ман каме хаста шудам. Ман чанд намоиши охиринро тамошо кардам ва ҳеҷ кадоме аз онҳо маро илҳом набахшид. Шояд сабаб дар набудани тамошобинон бошад. Намедонам. Аммо ман аз набардҳо лаззат набурдам".

Варзишкори ирландӣ пештар ҳам аз хотимаи фаъолияташ гуфта буд. 

Нахустин бор ӯ моҳи апрели соли 2016 эълон карда буд, ки фаъолияти варзишиашро хотима мебахшад. Бори охир варзишкори ирландӣ моҳи марти соли 2019 аз ринг рафта буду, пас аз даҳ рӯз боз баргашт.

Мавзӯъҳои асосӣ