03:43 02 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.15
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
105 0 0

Фардо дар Тоҷикистон мусобиқоти Лигаи олии кишвар пас аз таваққуф бинобар сабаби паҳншавии коронавирус дубора доир мегардад

ДУШАНБЕ, 15  июн — Sputnik. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии нахустин дар даври панҷум миёни дастаҳои КМВА – ва “Файзканд” соати 17:00 доир мегардад.

Ҳамчунин дар ин рӯз рақобат миёни тимҳои “Регар-ТадАЗ” – “Истиқлол” ва “Истаравшан” –у  “Хуҷанд” доир мешавад.

Тибқи ҷадвали рақобатҳо 17 июн бошад  бошгоҳи “Хатлон”  бо “Душанбе-83” ва “Куктош” бо  “Локомотив-Помир” вориди майдон хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад ФФТ ҳамчунин ҳайати доварону нозирон ва комиссарони хизматрасони бозиҳои даври панҷуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ таъин кардааст.

ФФТ мегӯяд дастаҳо дар бозиҳо имкони ивази панҷ бозигарро доранд, ки ин аз ҷониби ФИФА қобили уабул дониста шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин бозиҳо бидуни дастфишориҳо доир мегардад.

Мавзӯъҳои асосӣ