Дана Уайт 4 размикори беҳтарини UFC - ро ном бурд: миёнашон як зан - Ҳабиб нест

© AP / John LocherПрезидент UFC Дана Уайт стоит между бойцами Тони Фергюсоном (справа) и Хабибом Нурмагомедовым
Президент UFC Дана Уайт стоит между бойцами Тони Фергюсоном (справа) и Хабибом Нурмагомедовым - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар сархати чор размикори беҳтарини UFC ба фикри Дана Уайт Ройс Грейси, ки нахустин қаҳрамони UFC дар солҳои 1990 буд, қарор дорад

ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Раҳбари UFC Дана Уайт чаҳор варзишкори беҳамтои UFC - ро ном бурд. Дар ин бора ӯ дар барномаи Schmozone изҳори назар кард.

Ба фикри Дана Уайт дар сархати чоргонаи беҳтарини UFC бечуну чаро Ройс Грейси, (чун пионери ММА машҳур аст), ки нахустин қаҳрамони UFC дар солҳои 1990 буд, қарор дорад. 

"Агар сухан дар бораи чаҳор размикори беҳтарини UFC равад, бе чуну чаро бояд Ройс Грейсиро интихоб кард. Ҳамчунин бояд Аманда Нунесро ном бурд - ӯ бузургтарин размикори зан дар таърихи UFC мебошад",- гуфт ӯ.

Интихоби ду варзишкори дигар барои раҳбари маъруфтарин промоушени ҷаҳонӣ кори осон набуд.

"Дуи дигарро интихоб кардан душвор аст. Дар вазни миёнаи вазнин ман Ҷон Ҷонсро ном мебарам - ин бача боре ҳам мағлуб нашудааст. Чорумин размикори беҳтарин бояд Чак Лидделл - собиқ қаҳрамон дар вазни вазнини миёна бошад. Ӯ дар замони худ ситора буд", - хулоса кард Уайт.

Дар баробари ин ӯ қайд кард, ки Лидделларо дар ин феҳрист қаҳрамони собиқ Форрест Гриффин метавонад иваз кунад.

Лентаи хабарҳо
0