21:00 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
80 0 0

Тими "Истиқлол"-и Душанбе , қаҳрамони феълии кишвар бозии ахирашро дар даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол бо пирӯзӣ хотима дод

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Бозии марказии даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо шикасти меҳмонон хотима ёфт.

Дастаи “Истиқлол” қаҳрамони феълии кишвар ноиби қаҳрамони мамлакат тими “Хуҷанд”-ро дар бозии ахираш, ки шоми гузашта доир шуд бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Се голи ҷониби “Истиқлол”-ро Манучеҳр Ҷалилов Алишер Ҷалилов ва Вахит Оразсахедов заданд.

Голи ягонаи тими “Хуҷанд”-ро  Санҷар Рихсибоев дар дақиқаи 3 юми бозӣ вориди дарвозаи “Истиқлол” сохт.

Тими  футболи "Истиқлол"-и Душанбе ҳамин тавр ягона дастае боқӣ мондааст, ки то ҳол  бохтро надидааст.

Бошгоҳи пойтахт бо дарёфти 19 хол дар садри ҷадвали Чемпионати футболи кишвар қарор дорад.

Тими "Хуҷанд" бошад,  бо 13 имтиёз пас ах "Хатлон" дар ҷои 3-юм қарор гирифт.

Қобили зикр аст, ки бозиҳои ин ду даста ҳамеша дар мусобиқоти футболи кишвар пуршиддат ва сертамошобин мегузарад.

Мавзӯъҳои асосӣ