20:52 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
346 0 0

Ҳамлавар ва капитани бошгоҳи "Барселона"-и Испания Лионел Месси нақша дорад, ки соли 2021 клубро тарк кунад

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ба гуфтаи Cadena SER, ҳамлагари 33-сола нақша дорад тимро баъди хотимаи мавсими ҷорӣ тарк кунад.

Гуфта мешавад, нокомиҳои ахири дастаи Каталония боис гаштааст, ки бозигари аргентинӣ дар бораи тағйтри дастааш фикр кунад.

Cadena SER қайд мекунад, ки Месси ба нафарони наздикони худ гуфтааст, ки намехоҳад барои “Барселонп” бори гарон шавад.

Инчунин Месси аз хабарҳои бардуруғе, ки дар борааш паҳн мешаванд, ки гӯё ӯ ҳайатро дар “Барса” муайян мекунад, хаста шудааст.

Дар ин мавсим Месси дар Ла Лига дар ҳайати Барселона 28 бозӣ гузаронида, 22 гол задааст ва 18 тӯби головар додааст.

Футболбози аргентинӣ ҳоло расман хабарҳоро шарҳ надодааст.

Месси ё Роналду: беҳтарин футболисти аср эълон шуд

Дар умум Лионел Месси 33-сола дар ҳайати Барселона даҳ чемпионати Испания, чаҳор Лигаи чемпионҳо, шаш Кубокҳои Испания ва се Суперҷоми Аврупоро бурд кардааст.

Вай рекорди мутлақро дар задани голҳо (зиёда аз 500) дар ҳайати клуби Каталонӣ гузоштааст.

Ӯ ғолиби шаш каратаи Тӯби тиллоӣ мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ