20:29 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
19710

Се намояндаи дастаи футболи пойтахт аз чанд бозӣ маҳрум ва ба ҷарима кашида шуданд: ҳамаи онҳо ба доварон «суханони сахт» гуфтанд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Кумитаи назорат ва одоби ФФТ дар ҷаласаи ахири хеш масъулини дастаи  “Душанбе-83”-ро ҷаримаҳои калон ва аз иштирок дар бозиҳо маҳрум кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон,  сармураббии даста Мирзобек Мирзоев аз даҳ бозӣ маҳрум карда шуд ва барои таҳқири ҳайати доварон дар ин бозӣ ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Эҳтимол, дар ин раванд ноиби президенти дастаи “Душанбе-83” Абдураҳим Мирзозода низ ба ӯ ҳамроҳ шуд. Барои таҳқири доварон, ӯ низ аз панҷ бозӣ маҳрум ва ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Инчунин иштирокчии дигари муноқишаи лафзӣ бозигари даста Далер Имомназаров барои алфози қабеҳу таҳқиромез нисбат ба ҳайати расмии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ, аз ду бозӣ маҳруму 500 сомонӣ ҷарима шуд.

Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои “Душанбе-83” ва “Истаравшан” рӯзи 4 июл дар Варзишгоҳи марказии Ваҳдат баргузор шуда, ҳисоби ниҳоӣ 3:3 мусовӣ шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ