Ҷазои тими “Саройкамар” аз суи ФФТ: ба ҷойи се бозигар чор нафарро иваз кард

© Sputnik / Стас ЭтвешБоковой судья, архивное фото
Боковой судья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи назорат ва одоби Федератсияи Футболи Тоҷикистон тими “Саройкамар”-ро барои вайрон кардани қоидаи бозӣ дар вохурии пешакии Ҷоми футболи Тоҷикистон ҷазо додааст

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи кишвар масъулони тими “Саройкамар”  дар рақобат бо “Панҷшер” ба ҷойи се бозигар чор нафарро иваз кардаанд.

Боковой судья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷарима ва маҳрумсозиҳо аз бозӣ: натиҷаи нишасти Кумитаи интизомии ФФТ

Ба иттилои манбаъ, ин дар ҳолест ки дар ҳар бозӣ барои ивази се бозигар танҳо иҷозат дода шудааст.

Бозии мазкур 7 июл доир гашта бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи “Саройкамар”   хотима ёфта буд.

Тибқи қарори ниҳоии Кумитаи одоби ФФТ тими “Саройкамар”  ба таври техникӣ маълуб ҳисобида шуда, натиҷаи бозӣ бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи “Панҷшер” ҳал шуд.

Илова бар ин, Кумитаи интизомии ФФТ аз шӯъбаи доварони Федератсия дархост кард, ки нисбати намояндагони расмии бозӣ - дастаи ҳакамон ва нозирони ин вохӯрӣ барои хунукназарӣ нисбат ба кор  ҷазои сахтро татбиқ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0