11:33 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
727 0 0

Рақобат 9 августи соли равон баргузор мешавад, вале баргузоркунандагони ин набард ҷузъиёти дигари рақобатро ошкор накардаанд

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Муштзани машҳур Майк Тайсон дар доираи барномаи шакабаи Discovery бо наҳанги сафед ба рақобат мебарояд, хабар медиҳад нашриёти Eurosport.

Сана ва макони рақобати Майк Тайсон ва Эвандер Холифилд дақиқ шуд

Шоу "Ҳафтаи наҳанг" ном дорад. Собиқ қаҳрамони ҷаҳон рӯзи 9 август бо наҳанги сафед рақобат хоҳад кард. Ҷузъиёти дигари ин сабқат ва тарзи баргузории он гуфта намешавад.

Майки оҳанин фаъолияти варзишиашро соли 2005 хотима бахшида буд.

Ӯ соли 2020 эълом кард, ки омода аст дар рақобатҳои хайриявӣ ширкат кунад.

Шарти Майк Тайсон барои баргаштан ба майдони муҳориба - навор

Маврид ба зикр аст, ки Майк Тайсон дар тӯли собиқаи калони варзишии худ 58 маротиба ба ринг баромадаст. Аз ин миён 50 муҳорибаро бо пирӯз шудан анҷом дода, танҳо дар 6 набард мағлуб шудаст.

Гузашта аз ин боз ду набардӣ ӯ беэътибор дониста шуда буд.

Бояд зикр намуд, ки то кунун собиқ қаҳрамони ҷаҳон Майк Тайсон дар чандин филмҳо нақш офаридаст.

Барчаспҳо:
ҷанг, наҳанг, рақобат, Майк Тайсон

Мавзӯъҳои асосӣ