На Мессиву на Роналду: имсол "Тӯби тиллои"-ро ба ҳеҷ кас намедиҳанд

© Sputnik / Мария Плотникова / Гузариш ба медиабонкФутбол. Чемпионат мира - 2014. Финальный матч. Германия - Аргентина
Футбол. Чемпионат мира - 2014. Финальный матч. Германия - Аргентина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нашрияи France Football эълом кард, ки дар соли 2020 ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” ба ягон футболбоз дода намешавад

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik.   Ин маҷаллаи машҳури фаронсавӣ, ки ҳамасола баъди поёни мавсими футбол беҳтарин бозигарро бо ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”  қадрдонӣ мекард, гуфт имсол ҷоиза ба ягон футболбоз дода намешавад.

Футбольная лига Таджикистана опубликовала расписание оставшихся матчей первого круга чемпионата страны - Sputnik Тоҷикистон
Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд
Маҷалла ин тасмимашро ба ҳолатҳои истисноӣ, ба пандемия COVID-19 рух додааст, ки дар пайи он шартҳои боадолатонаи тақдими ҷоиза вуҷуд надоранд, рабт додааст.

Маҷалла ҳамчунин гуфтааст, намехоҳанд ҷоиза ба дасти нафаре афтад, ки дар ҳолатҳои истисноӣ бо сабаби бӯҳрони коронавирус ба даст оварда шавад.

Бори нахуст аз фурсати таъсисёбии ҷоизаи мазкур дар соли 1956 ҷоиза тақдим карда намешавад.

“Адолат, барои гирифтани ин ҷоизаи ифтихорӣ хеле муҳим аст, танҳо бо омори бозигарон таъмин карда намешавад. Бозингаронро ба таври баробар баҳогузорӣ кардан мумкин нест, бо назардошти он ки мавсим барои баъзеи онҳо ногаҳон ба итмом расид ",- гуфтааст France Football дар изҳороташ.

Гуфта мешавад, ин нахустин ҳолати тақтим нагаштани ҷоиза пас аз таъсисёбии он дар соли 1956 мебошад.

Ёдовар мешавем, ин ҷоизаро соли гузашта Лионел Месси ҳамлавари бошгоҳи “Барселона” ва мунтахаби Аргентина ба даст овард.

Миёни занон бошад, бозигари мунтахаби ИМА Меган Рапино ин ҷоизаро ба даст овард.

Лентаи хабарҳо
0