01:26 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
92 0 0

Аҳтам Назаров, капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дубора ба тими “Истиқлол”-и пойтахт пайваст

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии бошгоҳи “Истиқлол” Аҳтам Назаров, чанд муддат дар Чемпионати Бангладеш ҳунарнамоӣ мекард, ба даста баргашт.

Ба иттилои манбаъ, Аҳтам Назаров дар дастаи футболи “Башундара Кингз”-и Бангладеш ҳунарнамоӣ мекард, дубора бо “Истиқлол” шартнома баст.

Манбаъ мегӯяд, бошгоҳ бо бозигари шинохтаи кишвар то охири соли 2021 қарордод баст.

Аҳтам Назаров  тайи шаш сол, сар аз соли 2013 то 2019 шарафи  дастаи футболи “Истиқлол”-и пойтахтро ҳимоя мекард.

Гуфта мешавад, ҳимоятгар дар ҳайати даста чанд тамринҳоро гузашта, таҳти рақами 20 бозӣ мекунад.

Мавзӯъҳои асосӣ