Санаи баргузории муҳорибаи Майк Тайсон ва Рой Ҷонс дақиқ шуд

© Sputnik / Кирилл КаллиниковБоксер Майк Тайсон, архивное фото
Боксер Майк Тайсон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳорибаи нобиғаҳои бокс Майк Тайсони амрикоӣ ва Рой Ҷонси хурдӣ дақиқ шуд. Дар ин бора Тайсон дар сафҳаи инстаграмааш хабар дод.

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Бино ба пойгоҳи хабарии TMZ рақботаи Майк Тайсон ва Рой Ҷонси хурдӣ санаи 12-уми сентябр дар иёлоти Калифорнияи Амрико доир мешавад.

Боксер Майк Тайсон - Sputnik Тоҷикистон
Майк Тайсон бо наҳанги сафед меҷангад - расонаҳо

Ба иттилои манбаъ, ин муҳориба аз 8 давр иборат мебошад.

Худи Тайсон низ дар сафҳаи инстаграмаш навиштааст: "Ман бармегардам. 12-уми сентябр бар муқобили Рой Ҷонс рақобат мекунам".

Ноибтғаи бокс, Майк Тайсон охири моҳи апрел аз бозгашти дубораи худ пас аз 15 сол ба майдони муҳориба эълон карда буд.

Ин варзишкори машҳур дар замони фаъолияти касбияш 50 муҳорибаро бурда, 44 рақобатро ба таври нокаут ба анҷом расонидааст. Ӯ ҳамчунин 6 рақобатро бохтааст. 

Гузашта аз ин боз ду набардӣ ӯ беэътибор дониста шуда буд.

Майк Тайсон бо наҳанги сафед меҷангад - расонаҳо

Охирин баромади ӯ дар майдони бокс санаи 11-ми июли соли 2005 бо муштзани ирландӣ Кевин Макбрайди буд.

Рой Ҷонси хурдӣ 50 сол дошта, собиқ қаҳрамони ҷаҳон дар панҷ категорияи вазнӣ буд, карераи варзишиашро соли 2018 ҷамъбаст карда буд.

Шарти Майк Тайсон барои баргаштан ба майдони муҳориба - навор

Номбурда дар умум 66 маротиба дар мадони бокс ғолиб омада, 47 тоашро бо нокаут анҷом дода, ду бохт низ дорад.

Лентаи хабарҳо
0