Дипломатҳои тоҷик барои дарёфти "Ҷоми Пешвои миллат" шоҳмотбозӣ мекунанд

© PixabayШахматы
Шахматы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таъкид гардид, ки шоҳмот ё шатранҷ яке аз куҳантарин бозиҳост, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон ривоҷу шуҳрат дорад. Шатранҷ мусобиқаи зеҳнҳо ва навъе варзиши фикрист.

ДУШАНБЕ, 26 июл – Sputnik.  Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи якуми дуюмин Мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот барои дарёфти "Ҷоми Пешвои миллат" баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш медиҳад. 

Гуфта мешавад, дар мусобиқаи мазкур 30 корманди Вазорати корҳои хориҷӣ ширкат варзида, аз онҳо 5 нафар баранда шуда, ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд.

Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баргузории мусобиқаи Ҷоми президент оид ба дзюдо дар Хуҷанд: ҷоиза 10 ҳазор сомонӣ

Бино бар иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳ муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Назаров иштирок карда, сухан гуфтанд.

"Соли гузашта бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи Мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» гузошта шуд ва ин дувумин мусобиқаи ҷоми мазкур аст", - таъкид кард муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Хусрав Нозирӣ.

Таъкид гардид, ки шоҳмот ё шатранҷ яке аз куҳантарин бозиҳост, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон ривоҷу шуҳрат дорад. Шатранҷ мусобиқаи зеҳнҳо ва навъе варзиши фикрист. Дониш, ҳуш, рой, ҳофиза ва диққат аз унсурҳоеанд, ки барандаро дар ин бозӣ муайян мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0