00:48 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
16300

"Равшан" -и Кӯлоб аз тими "Панҷшер"-и Абдурраҳмони Ҷомӣ бо ҳисоби 1: 4 шикаст хӯрд, ки ин аввали бохти бузурги даста дар ин мавсим аст

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон даври шашуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум ба анҷом расид, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар бозии марказии даври шашум дастаи  “Равшан” -и Кӯлоб,  ки пешсафи мавсим буд,  аз “Панҷшер” бо ҳисоби 1: 4 мағлуб гашт. Ин аввалин бохти калони дастаи Кӯлоб дар ин мавсим аст.

Чор голи ҷониби “Панҷшер”-ро  Рустам Назаров, Маҳмуд Ғаюров, Насимҷон Мамадқулов ва Маҳмуд Ғаюров  ба ҳадаф расониданд.

Ягона голи ҷониби “Равшан”-ро  Далер Шомуродов аз тариқи зарбаи ёздаҳметра вориди дарвозаи ҳарифаш сохт.

Гуфта мешавад, беҳтарин футболбози бозӣ Бахтиёр Ниматов аз тими “Панҷшер” эълон шудааст.

Дар дигар бозиҳои даври 6-уми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи аввал, “Ваҳдат” бо “Саройкамар” бо ҳисоби 1: 1 ва  “Шохмансур” – “Мохир” бо ҳисоби 0: 0 ба анҷом расид.

Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд

Дар ҳамин ҳол, "Исфара" "Баркчи" -ро бо ҳисоби 3: 2 мағлуб кард, "Эсхат" аз  "Ҳосилот" бо ҳисоби 2: 3 мағлуб шуд ва “Равшан”-и Зафаробод  дастаи “Ҳулбук”-ро  1: 0 шикаст дод.

Даври ҳафтуми мусобиқот 29 ва 30 июл соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ баргузор мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ