10:30 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
157 0 0

Чемпиони олимпӣ оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаров дар бораи вазъи допинг ва нақшаҳояш барои Олимпиадаи Токио-2021 гуфт

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik.  Қаҳрамони феълии олимпӣ оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаров дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш омодагии пурраи худро барои иштирок дар Бозиҳои навбатии олимпӣ эълом кард.

Варзишгар ёдовар шуд, ки вазъ бо айбдор кардани допинг бояд дар баҳор ҳал мешуд, аммо бинобар пандемияи коронавирус баррасии масъала ба таъхир гузошта шуд.

Назаров афзуд, ки ҳоло ҳама чиз таҳти назорати адвокати ӯ қарор дорад.

Ҳамчунин, паҳлавони маъруфи тоҷик изҳори умедворӣ кард, ки вазъ ба таври осоишта ҳалл хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук хабар дода буд, ки дар робита ба истифодаи допинг варзишгари маъруфи Тоҷикистон Дилшод Назаров муваққатан ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалиро надорад.

Баъдан Дилшод Назаров дар нахустин изҳороташ дар робита ба моҷарои допинг гуфт, ки аз ин хабар ба ҳолати шок афтодааст, вале бо ин вуҷуд як адвокати аврупоиро киро кардааст, то номи худро аз ин доғ пок кунад ва обрӯяшро барқарор кунад.

Мубориза мебарам: Дилшод Назаров аз нақшаҳои минбаъдааш гуфт

Дилшод Назаров истифодаи допингро рад кард ва гуфт бо тамоми масъулият эълон мекунам, ки ҳамаи ҷоизаҳоро бо муборизаҳои ҳақиқӣ ба даст овардам.

Нарзуллоҳи Латиф: Дилшод Назаров метавонад аз бозиҳои олимпӣ дар соли 2020 маҳрум шавад

 Дилшод Назарови 38-сола нахустин ва то имрӯз ягона варзишгари тоҷик аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ таҳти парчами Тоҷикистон сазовори унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ