01:36 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
83 0 0

Сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон Усмон Тошев гуфт, ки дар ин мавсим ҳамаи бозингарон барои муайян кардани сатҳи омодагии худ санҷишҳои махсуси тахассусӣ гузаштанд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон Усмон Тошев натиҷаҳои тамриноти бозингаронро дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Варзиш" гуфт.

Тошев гуфт, ки дар давоми машқҳо шаш бозигари навро дар майдон пешвоз гирифтанд, ки ба тими миллӣ пайвастаанд.

Ӯ гуфт, имсол ҳамаи бозингарон барои муаян кардани тахассуси худ дар Федератсияи футболи Тоҷикистон санҷишҳои махсусро таҳти назорати Рустам Абдуллоев гузаштанд.

"Ҷолиб он аст, ки пас гузаштани ҳама бошгоҳҳо аз санҷишҳо, Академияи ФФТ бо варзишгарони ҷавон ва Лигаи олӣ моро ҳайрон карданд, ки варзишгарони ҷавон назар ба Лигаи олӣ натиҷаҳои баландтар нишон доданд" гуфт Тошев.

Ҳамзамон, вай қайд кард, ки футболбозони “Истиқлол” ҳанӯз дар санҷишҳои тахассусӣ иштирок накардаанд, зеро онҳо дар тамринҳо буданд.

Ба гуфтаи сармураббӣ, аз 40 варзишгар танҳо ду нафарашон ба меъёрҳои баландтарин ҷавобгӯ мебошанд. Инҳо нимҳимоятгарон Хуршед Абдуллоев аз “Душанбе-83” ва Фирӯз Бобиев аз “CСКA-и пойтахт мебошанд.

Тошев дар мусоҳибааш қайд кардааст, ки ҳангоми тамринҳом  кӯшиш мекунад, барои ҳар як варзишгар як хати алоҳидаро интихоб кунад.

"Ман одатан ба бачаҳо мегӯям, ки ҳар кадоми онҳо бояд вазифаҳои худро иҷро кунанд ва ба дигарон гузаранд, масалан, нимҳимоятгарон ё ҳамлаварон. Дар дастаҳое, ки аз онҳо меоянд, одатан ҳолату вазифаҳои дигар ҳастанд. Даста интизом ва қоидаҳои худро дорад." , - илова кард Усмон Тошев.

Вай гуфт, ки барои ӯ, ҳамчун мураббӣ, муҳим аст, ки оё варзишгар ӯро мефаҳмад ва оё варзишгар ба дастуроташ пайравӣ мекунад ё не.

Бо таҳлили бозиҳои гузаштаи бисёр дастаҳо, Тошев қайд кард, ки мутаассифона, бошгоҳҳо танҳо 30% омодагии худро дар бозии ҷиддӣ нишон доданд.

Ёдовар мешавем, ки тими миллии футболи Тоҷикистон дар даври дуюми мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F “се вохӯрии дигар дорад.

Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд 

Тибқи ҷадвал  8 октябр мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Муғулистон, 17 ноябр - бо футболбозони Мянмар, ҳарду бозӣ дар Душанбе баргузор мешаванд.

Илова бар ин, рӯзи 12 ноябр дастаи Тоҷикистон ба Ҷопон сафар карда, бо дастаи мунтахаби ин кишвар бозӣ хоҳад кард.

Мавзӯъҳои асосӣ