Саломатии иштирокчиён муҳимтар аз ҳама: лағви Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таеквандо

Обуна шудан
Шӯрои Таеквондои ҷаҳонӣ чемпионати ҷаҳон оид ба таеквондо миёни наврасонро дар соли 2020, ба хотири ҳифзи саломатии иштирокчиён, барҳам дод

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ҷаласаи шӯро тариқи онлайнӣ сурат гирифт ва аъзои он розӣ шуданд, ки масъалаи амнияти оилаи таеквондо дар ҷои аввал меистад, хабар медиҳад Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон.

Мастер восточных единоборств в стойке  - Sputnik Тоҷикистон
Президенти Федератсияи дзюдо замони аз сар гирифтани мусобиқаҳоро эълон кард

Ба иттилои манбаъ, пас аз машварат бо федератсияҳои миллӣ, кумитаҳои Таеквондои ҷаҳонӣ, бахусус кумитаи тиббӣ ва зидди допинг ва дар мувофиқа бо мақомоти тандурустии маҳаллӣ оид ба барҳам додани чемпионати имсола қарор қабул гардид.

Ҳафт паҳлавони тоҷик барои иштирок дар мусобиқа ба Марокаш мераванд

Софияи Булғористон, ки мебоист чемпионати имсоларо моҳи октябр мизбонӣ мекард, акнун чорабиниро соли 2022 қабул мекунад.

"Мо аз он ки имсол чемпионати ҷаҳон миёни наврасонро дар София баргузор карда наметавонем, андуҳгинем. Вале бароямон ҳамеша возеҳ аст, ки солимии оилаи таеквондои ҷаҳонӣ бояд дар ҷои аввал бошад. Пас аз машварат ва баррасиҳои зиёд ба хулоса омадем, ки баргузор кардани чемпионат дар соли равон хатар дорад. Мо бовар дорем, ки соли 2022 София чорабиниро бошаҳомат мегузаронад", изҳор доштааст президенти ташкилоти "Таеквондои ҷаҳонӣ" Чунгвон Чоу.

Қарор дар бораи финали Гран прӣ дар Канкун-2020 (Мексика) ва Гранд слам дар Вуши-2020 (Чин), ки охири соли равон ба нақша гирифта шудааст, моҳи октябр дар ҷаласаи навбатии шӯро қабул карда мешавад. То он замон Таеквондои ҷаҳонӣ бо ташкилкунандагон ва ҷонибҳои дахлдор ҷиҳати огоҳ будан аз вазъияти ин кишварҳо дар тамоси доимӣ хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0