02:51 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
85 0 0

Ғолибони даври дувоздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон муайян шуданд. Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе боз пирӯз шуд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Чанде пеш дар варзишгоҳҳои Тоҷикистон бозиҳои даври дувоздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ  хҷамъбаст шуд, хабар медиҳад ФФТ.

 Дар ин давр дастаҳои футболи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе  бо  "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, КМВА бо "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ, "Душанбе-83"-и Душанбе  бо "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода,  "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ  бо "Хатлон"-и шаҳри Бохтар   ва "Локомотив-Помир"-и шаҳри Душанбе  бо  "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан   байни  ҳам рақобат карданд. 

Дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ талош на танҳо барои сазовор шудан ба  медалҳо, балки баҳри  мондан дар  ин Лига шиддат мегирад. Бо фарқияти панҷ хол чор даста дар ҷойҳои аз 2-юм то 5-ум мавқеъ гирифтаанд.

Дар бозиҳои даври дувоздаҳуми чемпионат дастаи  "Истиқлол"-и шаҳри  Душанбе  бар дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби калони  4:0 ғолиб омад. Пас аз ин пирӯзӣ фарқияти ҷойгиршавии дастаи "Истиқлол"-и  Душанбе  бо дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд  11 холро ташкил дод. Голҳоро дар ин дидор Манучеҳр Ҷалилов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Алишер Ҷалилов ва Табрези Давлатмир ба нишон расониданд.

Дар бозии дигари ин давр дастаи КМВА дар майдони худ аз дастаи футболи  "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ  бо ҳисоби 1:5 мағлуб шуд. Дар ҳайати  дастаи  ғолиб Муҳсинҷон Абдуғаффоров ду тӯб, Собирҷон Холматов, Принс Артур ва Мбеке Диеудонӣ яктӯбӣ ба ҳадаф расонданд.

Дастаи  футболи  "Душанбе-83"-и шаҳри Душанбе  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат ба дарвозаи "Регар-ТадАЗ"  се голи беҷавоб зад. Голҳои задаи Элчибек Рашидбеков, Агблей Ҷонсон ва Колинс Адухене ба  дастаи "Душанбе-83"-и шаҳри Душанбе  се хол оварданд.

Дастаи  футболи  «Хатлон»-и  шаҳри Бохтар ба дуюмин  бохти пайдарпай рӯ ба рӯ шуд. Дар даври 12-ум дастаи  Аслиддин Ҳабибуллоев дар шаҳри  Кӯлоб аз дастаи "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби  2:1 шикаст хӯрд.  Пирӯзии восеъгиҳо тавассути зарбаҳои нишонраси Шарафҷон Солеҳов ва Анвар Муродов имконпазир гардид.

Бозӣ миёни дастаҳои футболи  "Локомотив-Помир"-и шаҳри Душанбе  ва "Истаравшан"-и  шаҳри  Истаравшан, ки барои мондан дар Лигаи олӣ мубориза мебаранд, мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт.
То анҷоми Чемпионати Тоҷикистон шаш даври дигар боқӣ монд.

Ҷадвали мусобиқаро дастаи футболи  "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе  бо 34 хол устуворона роҳбарӣ мекунад. Дар мавқеи дуюм  дастаи футболи  "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд  бо 23 хол қарор дорад. Дастаи  "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бо 21 хол дар ҷои сеюм аст. Дастаи  "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ  бо 19 хол ба ҷои чоруми ҷадвал баромад.

Ёдовар мешавем, ки  бозиҳои даври навбатӣ 23-24 август баргузор мешаванд. 

Мавзӯъҳои асосӣ