12:04 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
896 0 0

Размикори тоҷик дар мусобиқаи Bellator 244 аз ҳарифи худ, ки аз Бразилия буд, дар нахустин бахш мағлуб гардид

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар Амрико мусобиқаҳо оиди муҳорибаҳои омехтаи Bellator 244 ҷамъбаст шуд.

Бозии калидӣ дар ин мусобиқа, рақобати шогирди Федор Емеляненко - Вадим Немков бо Райан Бэйдер ба ҳисоб мерафт. Варзишгари рус дар ҷараёни муҳориба, ҳарифашро рӯи ринг хобонда, наздики 30 зарбаҳои нишонрас расонд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Bellator MMA (@bellatormma)

Зимнан, барои мухлисони тоҷик, муҳорибаи Салим Муҳиддинов бо размикори бразилиягӣ Уэбер Алмейд муҳимтар буд, аммо рақобати онҳо бо шикасти варзишгари тоҷик анҷом ёфт.

Алмейде ҳамагӣ 4 маротиба рӯи ринг баромадааст, вале боре ҳам аз рақиби худ шикаст нахӯрдааст.

Салим Муҳиддиновро худи Ҳабиб Нурмуҳаммадов тамрин медод, аммо чунин таҷриба ҳам ба ӯ кӯмак накард то ҳарифашро мағлуб кунад. Размикори тоҷикро Алмейд дар нахустин бахш аз пой афтонда, мағлуб кард.

Барчаспҳо:
навор, мағлубият, тоҷик, варзишгар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ