"Майк Тайсони ҷавон": Поветкин қаҳрамони муваққатии WBC гардид - видеои нокаути бераҳм

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкБокс. Бой А. Поветкина и А. Руденко
Бокс. Бой А. Поветкина и А. Руденко - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рақобати варзишкори русиягӣ Александр Поветкин бо рақиби бритониаш Диллиан Уайт, шаби шанбе ба якшанбе дар Бритониё баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Муштзани рус Александр Поветкин Диллиан Уайтро бо усули нокаут мағлуб карда соҳиби унвони қаҳрамони муваққатии WBC гардид.

Рақобат шаби шанбе ба якшанбе дар Брентвуди Бритониё баргузор шуд.

Собиқ дорандаи миёнбанди қаҳрамонии WBA ва IBF Денис Лебедев изҳор дошт, ки  Поветкин мисли "Майк Тайсони ҷавон" буд.

Бои MMA между Таджикистаном и Кыргызстаном в рамках FFC - Sputnik Тоҷикистон
Зӯрозмоии дидании размикорони Тоҷикистон ва Қирғизистон - видео

"Чунон зарбаи зӯр буд, ҳамааш аз рӯи китоб: баромади зебо, зарбаи дақиқ ба манаҳ. Ин мактаби ИҶШС аст", - гуфт Лебедев.

Размикори ММА бо усули ғайримаъмулӣ рақибашро аз пой зад - видео

Моҳи сентябр Александр Поветкин 41 сола шуд.

Дар рақобати касбӣ ӯ 36 маротиба дар октагон (24 нокаут) ғолиб омадааст. Ду бор мағлуб шуда ва як маротиба сабқатро мусовӣ анҷом додааст.

Диллиан Уайти 32-сола бошад, 27 маротиба (18 нокаут) пирӯз шуда ва ду маротиба мағлуб гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0