03:20 22 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.27
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
169 0 0

Тими "Бавария"-и Олмон баъди шикасти дастаи бошгоҳи "Пари Сен-Жермен"-и қаҳрамони Фаронса Лигаи Чемпионҳои Аврупо гардид

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Даври финалии рақобат барои дарёфти унвони қаҳрамонии Лигаи Чемпионҳои Аврупо шаби гузашта доир гашт.

Бозӣ дар варзишгоҳи "Эштадио да Луш"-и шаҳри Лисабони Португалия баргузошр шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи  "Бавария" хотима ёфт.

Рақобат барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ пуршиддат буд. Тими парижиҳо ҳарҷанд аз аввали дидор бозиро мечархонду имконоти хуби голзаниҳоро доштанд,  аммо ҳеҷ як талошашон босамар ба анҷом намерасид.

Дар нимаи дуввуми бозӣ бошад,  тими мюнхенӣ бозиро ба даст гирифта,  дар дақиқаи 59 дарвозаи парижиҳоро рахна карданд.

Ягона голи ҳалкунандаи бозиро Кингсли Коман ба самар расонид.

Ин голи ягонаи Коман "Бавария"-ро бори шашум ҷоизадори Лигаи Қаҳрамонҳо кард.

Тими “Бавария” қаблан мавсимҳои 1962-1963, 1963-1964, 1964-1965, 2000-2001 ва 2012-2013 ин дастовардро соҳиб гаштааст.

Мавзӯъҳои асосӣ