Ғолибони давраи сенздаҳуми Чемпионати футболи Тоҷикистон муайян шуданд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкФутбол. Учебно-тренировочный сбор национальной команды
Футбол. Учебно-тренировочный сбор национальной команды - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
23 август ду бозии даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардиданд, ки дар ҳарду вохӯрӣ ғолиб муайян нагардид ва бозиҳо бо натиҷаи мусовӣ тамом шуданд

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ду рӯзи ахир дар варзишгоҳҳои кишвар бозиҳои даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ  ба таври ҷолиб баргузор шуданд, гузориш медиҳад "Ховар" дар истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Известный таджикский футболист, вратарь ФК Истиклол Рустам Ятимов - Sputnik Тоҷикистон
Орзуи бозӣ дар Англия: дарвозабон Рустам Ятимов дар бораи футбол ва зиндагӣ - видео
Дар даври мазкур   23 август  дастаҳои футболи  "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода   бо "Локомотив-Помир"-и шаҳри  Душанбе, "Кӯктош"-и ноҳияи  Рӯдакӣ  бо "Душанбе-83"-и шаҳри  Душанбе  ва 24 август "Хуҷанд"-и шаҳри  Хуҷанд  бо "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ, "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан  бо "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе, "Хатлон"-и шаҳри Бохтар  бо КМВА ба майдон бароманданд.

23 август  ду бозии даври 13-уми Чемпионати футболи Тоҷикистон  миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардиданд, ки дар ҳарду вохӯрӣ ғолиб муайян нагардид ва бозиҳо бо натиҷаи мусовӣ тамом шуданд.

Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд

Бозӣ миёни дастаҳои футболи "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ ва "Душанбе-83"-и шаҳри  Душанбе  ҷолибу диданӣ ва сергол сурат гирифт. Дар дақиқаи 14-уми вохӯрӣ Элчибек Рашидбеков ба дарвозаи дастаи "Кӯктош" гол зада, ҳисоби рақобатро кушод.

Аз ҳайати дастаи футболи "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ Холмурод Назаров як дақиқа пеш аз анҷоми қисмати аввали бозӣ ба задани голи ҷавобӣ даст ёфт. Бозингари дастаи «Кӯктош» Мбеке Диеудони дар дақиқаи 61-уми вохӯрӣ гол зада, соҳибони майдонро ба пеш баровард. Аммо пешсафии онҳо дер давом накард, зеро бо гузоштани 8 дақиқаи дигар Аъзам Муродов голи дуюми дастаи "Душанбе-83"-ро зада, ҳисобро баробар намуд.

Дар бозии дигар дастаҳои футболи  "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода ва "Локомотив-Помир"-и шаҳри Душанбе  бо ҳам рақобат карданд. Сабқати ин дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт.

24 август се бозии дигари даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд.

Футбольный матч, душанбинский Истиклол против турсунзадевского Регар-ТадАЗом - Sputnik Тоҷикистон
Давраи сенздаҳуми Чемпионати футболи Тоҷикистон муайян шуд: киҳо ба майдон мебароянд?
Дастаи футболи "Хуҷанд"-и шаҳри  Хуҷанд  тавассути зарбаҳои нишонраси Дилшод Бозоров ва Алишер Баротов дар майдони худ дастаи футболи "Файзканд"-и ноҳияи  Восеъро бо ҳисоби   2:0 мағлуб намуд.

Ҳамчунин  дастаи футболи  "Истиқлол"-и шаҳри  Душанбе   дар сафар бо душворӣ  дастаи  футболи  "Истаравшан"-и шаҳри  Истаравшанро бо натиҷаи  2:1 шикаст дод.

Ҳисобро дар дақиқаи 23-юм бозингари Истаравшан Салам Ашурмамадов кушод. Дастаи  "Истиқлол"  дар нимаи дуюми бозӣ тавассути голҳои задаи Эҳсони Панҷшанбе ва Рустам Соиров пирӯз шуда, се холи навбатиро ба даст овард.

Дар бозии ниҳоии давр дастаи  футболи  "Хатлон"-и шаҳри  Бохтар  ва КМВА  ба дарвозаи якдигар гол зада натавонистанд ва ин вохӯрӣ  бо ҳисоби  мусовии  0:0 хотима ёфт.

Пас аз натиҷагирии сенздаҳ давр дар ҷадвали чемпионат дастаи футболи  "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе   бо 37 хол ҷои аввалро ишғол кардааст. Дастаи  футболи  "Хуҷанд"-и  шаҳри Хуҷанд бо 26 хол дар ҷои дуюм, дастаи футболи  "Хатлон"-и  шаҳри  Бохтар  бо 22 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Дар робита ба бозии рафиқонаи   дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Ӯзбекистон (3 сентябр) дар чемпионати мамлакат  таътили дуҳафтаина эълон шуд.

Ёдовар  мешавем, ки  бозиҳои даври чордаҳуми Лигаи олии  Тоҷикистон   7 сентябр дар варзишгоҳҳои мамлакат  баргузор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0