09:37 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
30701

Қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон ва қаҳрамони Осиё Фарзона Каримова аз ҳаёти шахсияш парда бардошт ва нишон дод, ки ҳаёти зани варзишгари тоҷик чигуна аст

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Варзишкори номии тоҷик Фарзона Каримова дар мусоҳиба бо телевизиони "Варзиш" гуфтааст, ки як рӯзи ин зан чигуна мегузарад.

Фарзона Каримова - яке аз дурахшонтарин ситораҳо дар осмони бокси занонаи Душанбе аст. Ӯ қаҳрамони Осиё ва қаҳрамонаи ҳафткаратаи бокси Тоҷикистон дар вазни 75 кило мебошад.

Афзун бар тамринҳо ва машғул будан бо варзиши касбӣ, Фарзона кор мекунад ва ду фарзандашро тарбия менамояд.

 

Дар видео нишон дода шудааст, ки рӯзи ин варзишгар чигуна оғоз меёбад. Ӯ 5:30 саҳар аз хоб мехезад ва албатта аввал тамрин мекунад. Фарзона барои машқи пагоҳӣ як соат ҷудо намуда, сипас ба омода кардани сӯбҳона машғул мешавад.

Кӯдаконро аз хоб бедор карда, ба боғча мебарад.

Соли аввал нест, ки Фарзона дар яке аз ташкилотҳои бузурги муҳофизии Душанбе кор мекунад. Пас аз кор ин зани тоҷик боз тамрин мекунад.

 

 

Ӯ новобаста аз ҷинси латиф буданаш, дар варзиш кӯшиш мекунад, тамоми тамринҳоро иҷро кунад, аз мушкилиҳо наметарсад ва бо ҷасорат ба майдон мебарояд.

Мавзӯъҳои асосӣ