05:02 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
79301

Тимҳои мунтахаби футболбозони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд сабқат доштанд, ки бо пирӯзии дастаи мизбон анҷомид

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Дар даври аввали бозии дӯстона дар варзишгоҳи "Локомотив"-и шаҳри Тошканд  тими мизбон бо як гол пеш гузашт. Тоҷикистониён дар даври дуюм тавонистанд, ҳисобро баробар - 1:1 кунанд.

Баробарӣ дер напоид ва Мурод Холмуҳаммедов, бозигари тими Ӯзбекистон бо зарбаи ҷаримавии 11-метрӣ тӯбро вориди дарвозаи Тоҷикистон намуд. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи Ӯзбекистон анҷом ёфт.

Ҷазои Гулов, сардори Маркази санитарию эпидемиологӣ барои тӯйи писараш

Мунтахаби миллии Тоҷикистон ҳанӯз 1 сентябр озими Тошканд шуда, таҳти роҳнамоии сармураббӣ Усмон Тошев  ду даври тамринро гузаронданд.

Қаблан тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2011 сабқат карда буданд, ки он замон ду бозӣ бо ҳисобҳои 3:0 ва 1:0 ба фоидаи футболбозони ӯзбек анҷом ёфта буд. 

Дар арафаи бозии 3 сентябрии Тоҷикистону Ӯзбекистон шореҳони варзиш пирӯзии шогирдони Вадим Абрамов, мураббии тими Ӯзбекистонро пешгӯӣ карда буданд.

Мавзӯъҳои асосӣ