Килиан Мбаппе, гаронарзиштарин футболбози сайёра гирифтори коронавирус шуд

© AP / David VincentИгрок французской сборной по футболу Калиан Мбаппе во время тренировки, архивное фото
Игрок французской сборной по футболу Калиан Мбаппе во время тренировки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Килиан Мбаппе,  яке аз машҳуртарин футболбози ҷаҳон ва ҳамлагари тими “Пари Жен-Сермен” ва яккачини Фаронса гирифтори коронавирус шудааст

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Фаронса хабар дода гуфтааст, натиҷаи тести бозигар пеш аз бозии мунтахабҳои Фаронса ва Хорватия мусбат баромад.

Мухаммад Султонов - Sputnik Тоҷикистон
Беҳтарин нишонзани “Ротор” Муҳаммад Султоновро аз тимаш "ронданд"
Ҳамакнун бозигар барои ду ҳафта табобат ва қарантинаи хонагӣ шудааст.

Директори варзишии “Пари Сен-Жермен” Леонардо аз ин хабар ба ваҳшат афтода, аз он норозигӣ кардааст, ки ба тим ягон хабар оид ба саломатии ситораашон ворид нашуд ва онҳо аз тариқи ВАО ва худи бозигар фаҳмиданд.

“Ман комилан ғайри қобили қабул мешуморам, ки мо аз ВАО дар бораи озмоиши мусбати коронавируси яке аз бозигарони худ маълумот гирем. Дар ин бора касе аз Федератсияи футболи Фаронса ба мо иттилоъ надод. Мбаппе дар хона аст, мо ҳама чизро худамон фаҳмидем. Ҳоло ҳама ба ПСЖ “лексия” мехонанд ва мегӯянд, ки мо чи тими бадем. Аммо бо бошгоҳ муошират накардан беэҳтиромӣ аст. Мо бо касе сӯҳбат накардем. Мо танҳо бо Килиан сӯҳбат кардем. Даста кӯшиш кард, ки ҳама чизро мустақилона фаҳмад ... Ин вазъият ғайриқобили қабул аст ", - гуфт Леонардо дар сӯҳбат бо RMC Sport.

Ёдовар мешавем, ки Мбаппе тобистони соли 2017 ба ҳайати дастаи “ПСЖ” аз “Монако” тариқи иҷора гузашт. Баъдан, парижиён Килианро ба маблағи 145 миллион евро хариданд ва шартномаи ӯ то тобистони соли 2022 эътибор дорад.

Дар мавсими гузаштаи 2019/20, Мбаппе дар 20 бозии Лигаи якум ширкат варзида, дар он 18 гол зада, панҷ партофти головар кардааст.

Бар асоси пойгоҳи машҳури transfermarkt.de арзиши гузариши бозигари 21 сола 180 миллион евро мебошад.

Лентаи хабарҳо
0