09:45 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
233 0 0

Футболбози шинохтаи тоҷик Муҳаммад Султонов дар бошгоҳи “Нижний Новгород” таҳти рақами 14 бозӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Зодаи Тоҷикистон, футболбози шинохта Муҳаммад Султонов бо тими “Нижний Новгород” шартнома бастааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти бошгоҳ.

Ҳамакнун нимҳимоятгар дар “Нижний Новгород” таҳти рақами 14 бозӣ мекунад.

Султонов қайд кардааст, ки ӯ бо талаботи сармураббии даста Роберт Евдокимов ошно аст.

Дар навбати худ, Игор Кудряшов, муовини директори генералӣ оид ба сиёсати трансферии тими “Нижний Новгород”, Султоновро футболбози бомаҳорат ва таҷрибарод гуфтааст.

"Мо боварӣ дорем, ки ин бозигари ботаҷриба дастаи моро тақвият медиҳад" гуфтааст ӯ.

Султонов то гузаштан ба “Нижний Новгород” дар тими “Ротор” –и Волгоград бозӣ мекард, аммо бо иваз шудани сармураббии нав ӯро аз даста хориҷ карданд.

Худи Султонов гуфтааст, барои лағви қарордод ягон далели расмӣ надодаанд.

"Мураббӣ занг назад ва чизе шарҳ надод. Аз номи директор ба ман гуфтанд, ки онҳо маро дар тим дидан намехоҳанд", - гуфтааст бозигар.

 Манбаи нашрия гуфтааст, ки рондани Муҳаммад Султонов аз тим маълум буд, зеро вай "ба пешрафти баъзе бозигарони зарурӣ халал мерасонд".

Муҳаммад Султонов 28 сол дошта, дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Номбурда ба футболбозӣ дар Мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони рақами 1 дар Каменкаи вилояти Пенза шурӯъ намуда, соли 2007 дар мактаби футболи ССКА такмил ёфтааст.

Орзуи бозӣ дар Англия: дарвозабон Рустам Ятимов дар бораи футбол ва зиндагӣ - видео

Султонов дар дастаҳои "Локомотив-2", "Спартак-Нальчик", "Тосно", "Шинник" бозӣ кардааст.

Солҳои охир футболбоз дар ҳайати дастаи "Ротор" бозӣ мекард, аммо моҳи сентябр маҷбур шуд тимро тарк кунад.

Мавзӯъҳои асосӣ