10:18 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
97 0 0

Федератсияи футболи Тоҷикистон замони бозиҳои даври чорякниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2020-ро эълон кард

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ФФТ, бозиҳои даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 аз 13то 15 сентябр баргузор  мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин мусобиқот санаи 13  сентябр тими  “Равшан”-и шаҳри  Кӯлоб дар хонааш дастаи футболи  “Истиқлол”-и Душанберо қабул мекунад.

Тими футболи “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи футболи  “Хатлон”-и шаҳри Бохтар бо ҳам рақобат мекунанд. 

ФФТ мегӯяд, ду бозии дигари даври чорякниҳоо Ҷоми Тоҷикистон  15  сентябр дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯз тими  “Локомотив-Помир”-и шаҳри Душанбе бо “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ва “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан  бо “Кӯктош”-и ноҳияи  Рӯдакӣ рақобат мекунанд.

Гуфта мешавад, ҳама рақобатҳои даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон соати 15:30 дар назар аст.

Барчаспҳо:
футбол, ФФТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ