Таъхири қаҳрамониҳои Осиё U-16 ва U-19 ба як сол

© Sputnik / Стас ЭтвешФутбольный мяч на поле, архивное фото
Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 10 сентябр дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё як қатор қарорҳои муҳим қабул гардиданд

ДУШАНБЕ, 11 сен - Sputnik. Кумитаи иҷроияи КФО, ки ҷаласааш ба таври онлайн доир гашт, иттилоъ дод, ки пандемияи COVID-19 имкон надод, ки мусобиқаҳо имсол баргузор шаванд, навиштааст сомонаи Кумитаи милли олимпӣ.

Трансляция матча. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нороҳатӣ дар хориҷа! Пахши “Футбол” қатъ, рамзи “Варзиш” дигар шуд

Манбаъ афзуд, ба хотири ҳифзи саломатии варзишгарони ҷавон ва мушкилоти сафар қарор шуд, ки чемпионатҳои Осиё миёни наврасон (U-16) ва ҷавонон (U-19) дар Баҳрайн ва Узбекистон ба соли 2021 гузаронида шаванд.
Чемпионати Осиё оид ба футзал, ки бояд моҳи ноябр дар Ашқобод сурат мегирифт, акнун 2-13 декабри имсол дар Кувейт баргузор мешавад.

"Бо дар назар гирифтани тадорукот ҷиҳати ҳамоҳангии панҷ минтақаи Ҷоми КФО, инчунин ба анҷом расидани мусобиқаҳои маҳаллӣ дар аксар кишварҳо кумитаи иҷроияи КФО розӣ шуд, ки идомаи Ҷоми КФО-2020 баргузор нашавад”, - хабар додааст Кумитаи миллӣ аз қавли КФО.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъкид намуд, ки акнун дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд”, ки дар доираи Ҷоми КФО-2020 як бозӣ анҷом дода буданд, имсол дар дуюм мусобиқаи бонуфузи клубҳои Осиё ширкат намекунанд. Ҳамчунин, қарор қабул шуд, ки 30-юм Анҷумани КФО 9 декабр дар Куала Лумпур ба таври онлайн доир карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0