06:15 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
73 0 0

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ки дар бозии охирини даври чордаҳуми қаҳрамонии кишвар дар риштаи футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ “Локомотив-Помир” бар дастаи “Куктош” бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дидори дастаҳо дар варзишгоҳи “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд.

“Ба голи задаи легионери ӯзбекистонии “Куктош” Муҳиддин Одилов, душанбегиҳо тавассути зарбаҳои нишонраси Ҷонибек Шарифов ва Ислом Зоиров ҷавоб доданд”, - омадааст дар матлаб.

Кумита таъкид кард, ки пас аз ин ғалаба “Локомотив-Помир” минтақаи хатарро тарк карда, ба ҷои ҳаштуми ҷадвали чемпионат баромад.

Бозиҳои даври навбатӣ 19-20 сентябр баргузор мешавад. Дар даври 16-ум 19 сентябр “Файзканд” бо “Душанбе-83”, “Локомотив-Помир” бо КМВА, “Истаравшан” бо “Регар-ТадАЗ”, 20 сентябр “Истиқлол” бо “Хатлон”, “Хуҷанд” бо “Куктош” вомехӯранд.

Феълан дар садри мусобиқот дастаи "Истиқлол" (Душанбе) қарор дошта, сипас  “Хуҷанд”, “Хатлон”, “Куктош”, КМВА, “Душанбе-83”, “Файзканд”, “Локомотив Помир”, “Истаравшан”, “Регар ТадАЗ” ҷой гирифтаанд.

Барчаспҳо:
варзиш, Футбол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ