Ҷоми футболи Тоҷикистон: "Регар-ТадАЗ" ва "Истаравшан" ба давраи нимниҳоӣ роҳ ёфтанд

© © FC Istiklol DushanbeФутбольный матч, душанбинский "Истиклол" против турсунзадевского "Регар-ТадАЗом"
Футбольный матч, душанбинский Истиклол против турсунзадевского Регар-ТадАЗом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 22-23 сентябр баргузор мегардад. Дастаҳои футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб бо "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода ва "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бо "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан байни ҳам рақобат мекунанд

 ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. "Регар-ТадАЗ" ва "Истаравшан" ба давраи нимниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон роҳ ёфтанд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Пресс-секретарь Федерации футбола Таджикистана Фаридун Салиев - Sputnik Тоҷикистон
Салиев: Султонов метавонист дастаи футболи Тоҷикистонро тақвият диҳад

Бино бар иттилои манбаъ, шоми  дирӯз  дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои   даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 ба анҷом расиданд.

Дар баробари дастаҳои футболи  "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб  ва "Хатлон"-и шаҳри  Бохтар дастаҳои "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода  ва "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан  низ ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд. 

Дар бозиҳои  чорякфинал  дастаи  футболи "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода бар дастаи  "Локомотив-Помир"  бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард.

Дар ҳайати дастаи ғолиб Шавкати Ҳотам се гол зад. Як голи дигарро Иброҳим Зокиров ба нишон расонид. Дар бозии дигар  дастаи футболи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан  пас аз силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра дастаи футболи  "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакиро мағлуб намуд.

Баъди "рондан" аз "Ротор": футболбози шинохтаи тоҷик ба тими “Нижний Новгород” гузашт

Вақти асосии дидор бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт. Дар вақти изофӣ дастаҳо ба дарвозаи якдигар якголӣ заданд. Дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахти истаравшаниҳо омад карду бо ҳисоби 5:4 ғолиб омаданд.

Ҳамин тариқ, даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 22-23 сентябр баргузор мегардад. Дастаҳои футболи  "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб  бо "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода  ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан байни ҳам рақобат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0