18:38 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.15
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
138201

Кишвардори Амрико Доналд Трамп изҳор доштаст, ки новобаста аз серкорӣ, муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гейтҷиро ҳатман тамошо хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба изҳори раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов беҳтарин варзишгари ҷаҳон дар муҳорибаи омехта новобаста аз вазн, ба ҳисоб меравад, хабар медиҳад Russia Today. 

Трамп мегӯяд, новобаста аз он ки, дар арафаи интихоботи президентӣ бисёр серкор аст, бо вуҷуди ин ҳам, муҳорибаи размикори доғистонӣ бо ҳамтои амрикоии ӯро ҳатман тамошо мекунад.

Филме, ки аз зиндагиномаи Абдулманап Нурмуҳаммадов қисса мекунад, нашр шуд - видео

"Гейтҷиро муҳорибаи вазнин дар пеш аст, зеро бо беҳтарин размикори ҷаҳон вориди рақобат мешавад. Ин як муҳорибаи бебаҳо хоҳад буд ва ман онро ҳатман тамошо мекунам", - изҳор доштааст Трамп.

Ёдовар мешавем, муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гейтҷи рӯзи 24 - уми октябр дар АМА баргузор мешавад. Гейтҷии 31 - сола аз 22 муҳорибаи худ танҳо дар ду маврид бохтааст.

Ҳарифи ӯ, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бошад, ҳамаи 28 рақобати худро бидунӣ мағлубият анҷом додааст.

Бояд гуфт, ки Нурмуҳаммадов дар рейтинги UFC пас аз Ҷон Ҷонс дар мақоми дуюм қарор дорад.

Барчаспҳо:
тавсиф, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Доналд Трамп

Мавзӯъҳои асосӣ