"Боз як Ҳабиб дар UFC": рекорди нави варзишгар дар 17 сония - видео

© JEFF BOTTARIХамзат Чимаев
Хамзат Чимаев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Лас-Вегас бозии UFC Fight Night 178 баргузор гардид, ки дар он варзишкори чеченӣ дар ин намуди варзиш рекорди нав гузошт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Размикори чеченӣ Ҳамзат Чимаев, ки аз номи Шветсия мусобиқа мекунад, торафт машҳур мешавад.

Чанде пеш дар Лас-Вегасе мусобиқаи UFC Fight Night 178 баргузор гардид, ки дар он варзишкор бори нуҳум паиҳам пирӯз шуд.

Чимаев бо варзишкори амрикоӣ Ҷералд Миршерт ба майдон баромад. Ин бозии басо тезутунд, танҳо чанд сония давом карду халос.

Чимаев бозиро бо худбоварии хос сар кард ва дар зарбаи якум ҳарифашро беҳуш намуд. Ва ин дар сонияи 17-уми мусобиқа!

Ин пирӯзӣ барои Чимаеве, ки торафт номитар мешавад, дар ММА 9-ум ва дар UFC 3-ум буд.

Ин тактикаи ғайримаъмулии Чимаевро дар муҳорибаҳои омехта бо Ҳабиб муқоиса намуда, ӯро боз як Нурмуҳаммедов дар саҳнаи UFC меноманд.

Лентаи хабарҳо
0