Ҳунарнамоии зебои Аъзам Ғафоров дар ACA111: Мансур Хатуевро шикаст дод-видео

Обуна шудан
Тайи рӯзҳои истироҳатӣ дар Маскав чемпионати ҳунарҳои муҳорибаи озод ACA111 баргузор шуд, ки рақобатҳо дар он ниҳоят “гарм” ва шадид сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Миёни паҳлавонон варзишгарони Тоҷикистон низ буданд, аз ҷумла, Аъзам Ғафоров маҳорати хубе нишон дод, ки дар муборизаи шадид Мансур Хатуевро мағлуб кард.

Таджикский боец Азам Гафоров - Sputnik Тоҷикистон
Варзишкорони тоҷик мехоҳанд шомили UFC гарданд

Аъзам Ғафоров 3 тамрингоҳро гузашта, шаш моҳ дар Тоҷикистон набуд ва рақибаш ният дошт, ки ҷойгоҳи худро дар рейтинг дубора ба даст орад.

Варзишгарон аз оғози рақобат суръати баланди муборизаро нишон дода, бо навбат ба ҳамдигар зарбаҳои шадид мезаданд.

Дар охири даври аввал Ғафоров пайиҳам зарбаҳо ба рақибаш зад, ки дар пайи он ду маротиба ҳарифаш ба замин зад.

Дар даври дуввуми зӯрозмоӣ Мансур Хатуев тавонист дар баробари варзишкори тоҷик истодагарӣ намояд.

Аммо дар даври сеюми дидор Аъзам Ғафоров бо зарбаҳои пайдарпай ва фаъолиии бештар нисбат ба ҳарифаш бартарӣ дошт ва бо қарори доварон баранда эълон гардид.

 

Лентаи хабарҳо
0