Баъди 26 соли интизорӣ: "Равшан" ба давраи ниҳоӣ баромад

© ФФТКоманда кулябский «Равшан»
Команда кулябский «Равшан» - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозии дигари нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон пагоҳ, 23 сентябр дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Бохтар баргузор мешавад. Дастаи мизбон — "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бо дастаи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан вориди сабқат мешавад

 ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Баъди 26 соли интизорӣ дастаи "Равшан"-и Кӯлоб ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 баромад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, чанд лаҳза пеш дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бозии аввали нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020  байни  дастаҳои  футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб ва "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода  доир гашт.

"Дар сабқат "Равшан" дастаи  футболи "Регар-ТадАЗ"-и  шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб  намуда, баъди  26 соли интизорӣ   ба финали  Ҷоми Тоҷикистон-2020  роҳ  ёфт", - менависад манбаъ.
Команда кулябский «Равшан» - Sputnik Тоҷикистон
Бохти таърихӣ: шикасти “Истиқлол” аз “Равшан” ва маҳрумият аз Ҷоми Тоҷикистон

Голи ягонаро аз ҳайати дастаи футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб  Абдураҳмон Нозимов ба ҳадаф расонид. 

Бозии дигари нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон  пагоҳ,  23  сентябр дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Бохтар баргузор мешавад.

Дастаи  мизбон — "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бо  дастаи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан вориди сабқат мешавад.

Ёдовар  мешавем, ки  бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 бо иштироки ду дастаи ғолиби нимфинал 10  октябр дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе  баргузор  мегардад. Оғози бозии ниҳоӣ – соати 16:00. Бозиҳои нимниҳоӣ ва ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0