09:42 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
251 0 0

Роҳбари ФИФА ба унвони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон нома ирсол намуда, тими "Истиқлол"-ро ба муносибати қаҳрамон шуданаш шодбош гуфтааст

ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Президенти Федератсияи Байналмилалии Ассотсиатсияҳои Футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино дар робита ба пеш аз муҳлат қаҳрамон шудани дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар Чемпионати Тоҷикистон-2020 ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон номаи табрикотӣ ирсол намудааст.

Дар ин бора сомонаи бошгоҳи "Истиқлол" гузориш медиҳад.

Номаро Инфантино ба унвони роҳбари ФФТ Рустами Эмомалӣ ирсол намуда, хоҳиш кардааст, ки табрикоташ ба ҳайъати даста расонида шавад.

Ҳамчунин, роҳбари ФИФА аз Рустами Эмомалӣ барои рушди футбол дар минтақа изҳори сипос кардааст.

"Бесаброна мунтазири мулоқот бо шумо дар ояндаи наздик ҳастам", - навиштааст вай дар анҷом.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи "Истиқлол"-и Душанбе пеш аз муҳлат, се давр қабл аз анҷоми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олии мавсими 2020 чемпиони Тоҷикистон гардид.

"Истиқлол" аллакай 12 имтиёз аз дастаи "Хуҷанд", ки дар ҷадвали мусобиқа бо 29 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад, пеш аст.

Дастаи "Хатлон"-и Бохтар бо 24 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор дорад.

Футболбозони тоҷик тими Ӯзбекистонро шикаст доданд

"Истиқлол"» аз соли 2010 инҷониб бори нуҳум чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол гардид.

Мавзӯъҳои асосӣ