05:16 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
46 0 0

Туркманистон ба далели пандемияи коронавирус аз мизбонӣ намудани ин мусобиқаи ҷаҳонӣ даст кашид. Акнун ба ҳайси мизбон шаҳри Нови Сади Сербия пазируфта шуд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Нови Сад (Сербия) доир мешавад. Дар ин бора қарори Федератсияи байналмилалии самбо ба тасвиб расид.

Ба иттилои сомонаи расмии федератсияи байналмилалии самбо, чорабинӣ ҳамроҳ бо Қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон, ки қаблан ба нақша гирифта шуда буд, сурат мегирад ва давоми 4 рӯз – 5-8 ноябр идома меёбад.

Донишҷӯи тоҷик дар мусобиқаи осиёӣ оид ба самбо соҳиби медали тилло гашт

Ин мусобиқа мебоист дар шаҳри Ашқобод баргузор мешуд, вале бо сабаби пандемияи коронавирус Федератсияи самбои Туркманистон аз мизбонӣ кардани мусобиқа даст кашид.

Зимнан, президенти Федератсияи байналмилалии самбо Василий Шестаков гуфт, мусобиқот тибқи "Дастурамали Федератсияи самбо ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва профилактикаи баъд аз пандемияи COVID-19" доир мегардад.

"Аз гашту гузори варзишгарон дар шаҳр ҷилавгирӣ шуда, ҳамчунин дар толори варзишӣ риояи фосилаи иҷтимоӣ ҳатман риоя мешавад", - изҳор дошт Шестаков.

Ба гуфтаи ӯ, мухлисон имкон доранд қувваозмоиҳоро ба таври мустақим дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо тамошо кунанд. Қисмати финалии қаҳрамонӣ дар шабакаи телевизионии "Eurosport" ва шабакаҳои телевизионии кишварҳои гуногун намоиш дода хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
самбо, қаҳрамонӣ, Сербия

Мавзӯъҳои асосӣ