07:46 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
149 0 0

Рӯзҳои 26-27 сентябр бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар бозии марказии давр дастаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ тими “Хатлон”-ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуда, ду давр пеш аз анҷоми чемпионат сазовори медалҳои нуқра гардида, ҷояшро дар Ҷоми КФО-2021 таъмин кард.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳисоби бозиро дар дақиқаи сеюм Дилшод Бозоров кушод. Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 12, Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 32-юм ду тӯби дигар ба дарвозаи ҳариф ворид карданд. Дар нимаи дуюм бохтариҳо ташаббус ба даст гирифтанд, вале ба задани ду гол даст ёфтанд - Умарҷон Шарипов дар дақиқаи 64, Парвиз Боқӣ-Охунов дар дақиқаи 90+2.

Кумитаи миллӣ афзуд, ки бозӣ миёни дастаҳои “Куктош” – “Истаравшан” мусовӣ – 2:2 хотима ёфт. Голҳои дастаи ноҳияи Рӯдакиро Муҳсинҷон Абдуғаффоров, Мбаке Диеудонӣ, голҳои “Истаравшан”-ро Отабек Каримов ва Азизҷон Шамсиев ба ҳадаф расониданд.

"Дар бозии дигар “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дар майдони худ бар тими “Файзканд”-и Восеъ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Се холро ба дасти шаҳри Турсунзода ҳимоятгар Доробҷон Эргашев овард. “Душанбе-83” бар тими “Локомотив-Помир” бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, ҷояшро дар лигаи олӣ ҳифз намуд. Голи ягонаро бозингари “Локомотив-Помир” Исроил Холов ба дарвозаи дастааш зад", - омадааст дар иттилоия.

Нахустин шикасти чемпион

Кумита таъкид кард, ки ниҳоят “Истиқлол”, ки унвони чемпиониро аллакай гирифтааст, аввалин бохтро дар чемпионати мамлакат аз дастаи КМВА бо ҳисоби 1:0 чашид. Ягона голро Мунир Давлатбеков дар дақиқаи 40-ум ба номаш сабт кардааст.

Ҳамин тариқ, то анҷоми 29-ум Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ду даври дигар боқӣ монд.

Дар даври 15-ум, ки 29-30 сентябр баргузор мешавад, "Истаравшан" бо "Файзканд", "Регар-ТадАЗ" бо "Хуҷанд", "Куктош" бо "Истиқлол", "Хатлон" бо "Локомотив-Помир" ва КМВА бо "Душанбе-83" вомехӯранд.

Бозиҳои даври ҷамъбастӣ – 18-ум рӯзи 4 октябр ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давр "Файзканд" бо "Локомотив-Помир", "Душанбе-83" бо "Истиқлол", "Хуҷанд" бо КМВА, "Истаравшан" бо "Хатлон", "Регар-ТадАЗ" бо "Куктош" бозӣ хоҳанд кард

Барчаспҳо:
нуқра, чемпионат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ