06:52 23 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
295 0 0

Далер Кузяев, нимҳимоятгари дастаи "Зенит"-и Санкт-Петербург дастаашро тарк кард

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Бино ба иттилои пойгоҳи хабарии "Sport Express" Далер Кузяев бо тими "Локомотив"-и шаҳри Маскав шартномаи ҳамкорӣ бастааста, ҳамакнун дар ин даста ҳунарнамоӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, Кузяев ба "Локомотив" ҳамчун футболбози озод гузашта, шартномааш бо ин даста барои се сол будааст.

Ёдовар мешавем, Кузяев аз соли 2017 дар дастаи "Зенит" бозӣ мекунад ва танҳо дар мавсими гузаштаи Премйер-Лигаи Русия бозигари 27-сола  20 бозӣ анҷом додааст.

Ин бозигари шинохта сар аз соли 2017 дар яккачини Русия бозӣ мекунад. Тайи ҳунарнамоияш дар тими миллӣ 23 бозӣ анҷом дода, як гол задааст.

Transfermarkt яке аз машҳуртарин пойгоҳҳо аст, ки гузариш ва арзиши бозигаронро нашр мекунад, арзиши фурӯши Кузяевро 8 миллион евро арзёбӣ кардааст.

Мавриди зикр аст, ки Далер Кузяев фарзанди Адҳам Кузяев ва набераи Кабир Кузяевҳо, аз футболбозони Тоҷикистони шӯравӣ мебошад.  Бобояш дар дастаи “Энергетик”-и Душанбе ва падараш дар тими “Шодмон” ва “Вахш”-и Тоҷикистон бозӣ кардаанд.  

Далер Кузяев шомили мунтахаби Русия дар бозиҳои интихобӣ барои Ҷоми Аврупо шуд

Далер Кузяев даъватҳои қаблӣ ба тими мунтахаби Тоҷикистонро рад карда, изҳор дошта буд, ки бо решаҳои тоҷикистонияш ифтихор дорад, аммо мехоҳад ба тими мунтахаби Русия роҳ ёбад.

Барчаспҳо:
шартнома, даста, футбол

Мавзӯъҳои асосӣ