08:00 23 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
165 0 0

Қаҳрамони шиноварии Тоҷикистон дар бораи ҷанҷоли "допинг" нақл кард. Карина Климик низ пас аз мамнӯъ шудани истифодаи доруҳои нерӯбахш ба "рӯйхати сиёҳ"-и Агентии ҷаҳонии зиддидопингӣ ворид шуд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Қаҳрамони якчандкаратаи шиноварии Тоҷикистон Карина Климик дар бораи дастовардҳо ва мушкилиҳои варзиши ҳирфаӣ гуфт.

Мусоҳибаи варзишкор дар канали телевизиони "VarzishTV" дар Ютуб нашр шудааст.

Ба гуфтаи Карина, ӯ ҳудуди шаш сол пайиҳам  дар сабқатҳои ҷумҳуриявӣ пирӯз мешуд ва ҳатто рекорд гузошт, аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, машҳур набуд.

Дар ҳамин ҳол, Карина дар шаш қаҳрамонии ҷаҳон, олимпидаи наврасон иштирок дошт ва қариб буд, ки ба олимпиадаи ҷаҳонӣ роҳ меёфт, агар ҷанҷол атрофи допинг ё ба истилоҳ доруҳои нерӯбахш намехест.
"Маро аз ташхиси допингӣ гузарониданд ва дар баданам ҳудуди 0,05% милдронат пайдо карданд",- иқрор мешавад зани шиновар.

Ба гуфтаи духтар, ӯ ин доруро пеш аз мамнӯъ шуданаш баъди баҳсҳои Агентии ҷаҳонии зиддидопенгӣ ва Русия истифода бурда буд. Дар натиҷаи ин баҳсҳо чанд варзишкор аз ИДМ низ ба рӯйхати сиёҳ ворид шуданд.

Ин барои Климик ҳолати садамоти сахте буд. Зеро ӯ пурра ба Олимпиада омода буд.

"Се сол боз мураббиам маро ба Олимпиада омода мекард. Ним соли ахир ман каме беғамӣ кардам, зеро ҳариф надоштам. Ман хуб медонистам, ки пирӯз мешавам", - иқрор мешавад варзишгар.

Духтар мегӯяд, ин мушкилии пешомада барояш муҷозот буд, зеро ба танбалӣ роҳ дод.

Феълан Карина дар ҳолати "омодабош" қарор дорад ва мегӯяд, ки дар Душанбе барои тамрину такмил шароити хубе фароҳам омадааст.

Мавзӯъҳои асосӣ