17:45 31 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
141 0 0

Федератсияи футболи Тоҷикистон санаи рақобати даври финалии Ҷоми Тоҷикистон-2020-ро эълон кард

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуотии ФФТ, рақобати финалӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2020 миёни “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хатлон”-и Бохтар 18 октябр доир мешавад.

Ба иттилои манбаъ, рақобат дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бидуни тамошобинон соати 14:00 доир мешавад.

То расидан ба финал "Равшан" -и Кӯлоб бар "Ҳулбук" (3: 2), "Панҷшер" (3: 2), "Истиқлол" (4: 2) ва "Регар-ТадАЗ" (1: 0) ғолиб омад.

  “Хатлон”-и Бохтар бошад, тимҳои Файзканд (2: 1), Эсхата (1: 0) ва Истаравшанро (2: 0) шикаст дода, ба ин зина расид.

Рашид Раҳимов, мутахассиси шинохтаи тоҷик сармурабии тими "Уфа" шуд

Ёдовар мешавем, ҳабдаҳ сол пеш (2003) тимҳои мазкур дар финали Ҷоми Тоҷикистон рақобат карданд.

Мавзӯъҳои асосӣ