06:54 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Кумитаи миллии олимпӣ мегӯяд, бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 миёни ду дастаи вилояти Хатлон – “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хатлон”-и Бохтар 18-уми октябр баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, сабқат миёни “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хатлон”-и Бохтар 18-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

"Дар роҳ ба финал “Равшан” бар дастаҳои “Ҳулбук” (3:2), "Панҷшер" (3:2), "Истиқлол" (4:2) ва "Регар-ТадАЗ" (1:0) ғалаба кард. "Хатлон"-и Бохтар бошад, аз тимҳои "Файзканд" (2:1), «Эсхата» (1:0) ва "Истаравшан" (2:0) пурзӯртар буд", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ зикр намуд, ки қаблан "Равшан" (соли 2003 номи "Олимп-Ансол"-ро дошт) се маротиба дар финали Ҷоми Тоҷикистон бозӣ карда, танҳо як маротиба – соли 1994, бар тими "Шодмон"-и Ҳисор ғалаба карда (2:1), соҳиби ҷом шудааст.

"Хатлон" дар таърихи мавҷудияташ (қаблан даста "Вахш" ном дошт) чор маротиба ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромада, ду бор - солҳои 1997 ва 2003 баранда шудааст.

Кумита афзудааст, ки дастаҳо 17 сол пеш – соли 2003 дар финали Ҷоми Тоҷикистон вохурда буданд.

Барчаспҳо:
ҷом, мусобиқа, Футбол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ