06:17 30 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.11
  • RUB0.13
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
58110

Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол миёни дастаҳои “Равшан” и Кӯлоб ва “Хатлон” и шаҳри Бохтар ба анҷом расид

ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Бозӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2020 миёни ду дастаи футболи вилояти Хатлон, соати 14:00 дар варзишгоҳи шаҳри Ҳисор оғоз ёфт.

Дар 45 дақиқаи қисмати аввали бозӣ ҳисоб бетағйир сипарӣ шуд. Ҳарчанд ҳар ду даста имкони голзаниро доштанд. Насрулло Кабиров, довари марказӣ дар қисмати дуюм дар дақиқаи 65 уми бозӣ бар муқобили дарвозаи “Хатлон” ҷаримаи 11 метра таъйин кард.

Делер Шомуродов, бозингари “Равшан” аз тариқи пеналтӣ тубро вориди дарвозаи “Хатлон” кард ва ҳисоби бозиро тағйир дод.

Ҳамин тариқ то 90 + 5 дақиқа, ҳисоби бозӣ дигар тағйир наёфт ва дастаи “Равшан” Ҷоми Тоҷикистон-2020 ро бо номи худ сабт намуд.

Зимнан, ин дуюмин пирӯзии “Равшан” дар сабқати футболи кишвар барои дарёфти Ҷом ба ҳисоб меравад.

Соли 1994, баъди пирӯзӣ бар муқобили дастаи “Шодмон” и Ҳисор, як дафъа соҳиби Ҷом шуда буд.

Барои финали Ҷоми Тоҷикистон 35 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд, ки аз ин 15 ҳазор сомонӣ ба дастаи “Хатлон” ва 20 ҳазор сомонӣ ба ҳисоби Ҷом ва медалҳои тилло ба дастаи “Равшан” тақдим карда шуд.

Таърихи футболи кишвар барои дарёфти Ҷом аз соли 1992 оғоз мешавад ва то ин ҷониб 28 бор финали бозиҳо доир шудааст.

Ситораи футболи тоҷик Рашид Раҳимов аз шартномааш бо бошгоҳи "Уфа" ва нақшаҳояш гуфт

Дар бештари чунин бозиҳо, бештар аз ҳама ва 8 маротиба дастаи “Истиқлол” и Душанбе пирӯз шудааст. Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон (1992 – 2020):

  • 1992 – “Помир” (Душанбе) – “Регар” (Турсунзода) – 1:0
  • 1993 – “Ситора” (Душанбе) – “Равшан” (Кӯлоб) – 0:0.
  • Аз рӯи пеналтӣ – 5:3 1994 – “Равшан” (Кӯлоб) – “Шодмон” (Ҳисор) – 2:1
  • 1995 – “Пахтакор” (Ҷаббор Расулов) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2 1996/1997 – “Вахш” (Қӯрғонтеппа) – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 4:0
  • 1997/1998 – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – “Ранҷбар” (Восеъ) – 2:1
  • 1998 – “Варзоб” (Душанбе) – “Хуҷа Каримов” (Ғозималик) – 3:1
  • 1999 – “Варзоб” (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
  • 2000/2001 – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – “Варзоб” (Душанбе) – 4:2
  • 2001/2002 – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 3:1
  • 2002 – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – “Вахш” (Қӯрғонтеппа) – 3:0
  • 2003 – “Вахш” (Қӯрғонтеппа) – “Олимп-Ансол” (Кӯлоб) – 3:1
  • 2004 – “Авиатор” (Бобоҷон Ғафуров) – “Ӯротеппа” (Истаравшан) – 5:0
  • 2005 – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – “Вахш” (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
  • 2006 – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – “Хима” (Душанбе) – 2:1
  • 2007 – “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) – Хима” (Душанбе) – 1:0
  • 2008 – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – “Энергетик” (Душанбе) – 2:1
  • 2009 – “Истиқлол” (Душанбе) – ССКА “Помир” (Душанбе) – 3:1
  • 2010 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 5:0
  • 2011 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 0:1
  • 2012 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
  • 2013 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 2:0
  • 2014 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 5:2
  • 2015 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
  • 2016 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Ҳосилот” (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
  • 2017 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 0:2
  • 2018 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 1:0
  • 2019 – “Истиқлол” (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2.
  • 2020 – “Равшан” (Кӯлоб) – “Хатлон” (Бохтар) – 1:0

Мавзӯъҳои асосӣ