05:36 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
283 0 0

Мусобиқа миёни ҷавонон аз рӯи се равия – керуги, пумсэ, даставӣ, мусобиқа миёни наврасон аз рӯи ду равия – керуги, пумсэ ва мусобиқаи кушоди федератсия аз рӯи равияи керугӣ доир мегарданд

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Аз 24 то 26 октябр дар шаҳри Душанбе се мусобиқа оид ба таеквондои ҷаҳонӣ (WT) баргузор мешавад, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ҳунарнамоии тими мунтахаби ҶТ дар марҳалаи selfdefence
Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги Тоҷикистон

Манбаъ аз қавли раиси Федератсияи таеквондо (ВТФ)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев иттилоъ медиҳад, ки давоми се рӯз дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таеквондо баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба таеквондо ВТФ байни ҷавонони соли таваллудашон 2003-2005; мусобиқаи кушоди Федератсияи таеквондо ВТФ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ҳамчунин баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба таеквондо ВТФ байни наврасони соли таваллудашон 2009-2013 бахшида ба "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дар назар аст.

Мусобиқа миёни ҷавонон аз рӯи се равия – керуги, пумсэ, даставӣ, мусобиқа миёни наврасон аз рӯи ду равия – керуги, пумсэ ва мусобиқаи кушоди федератсия аз рӯи равияи керугӣ доир мегарданд.

Гуфта мешавад, мақсад аз баргузор кардани мусобиқаҳо, муайян кардани беҳтарин варзишгарон ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, хусусан намуди олимпии таеквондо мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ